Ҳисси меҳанпарастии ҷавононро бо сайри мавзеъҳои таърихӣ баланд бардоштаниянд
Донишҷӯёни фаъоли кишвар аз мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон дидан мекунанд.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуоти кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ ин иқдом бо мақсади тавсеа ва вусъат бахшидани ҳисси ватанпарастии ҷавонон роҳандозӣ мешавад. Экскурсияи мазкур 3 ноябри соли равон шурӯъ гардида, барандагони стипендияи президентӣ ва донишҷӯёни фаъол нахуст ба «Қалъаи Ҳисор» мераванд.{jathumbnail off}