Набераи Зиёдулло Шаҳидӣ барандаи озмуни байналмилалии композиторон шуд
Фарангис Нурулло-Хоҷа оҳангсози машҳури тоҷиктабори Канада ва Шветсия барандаи озмуни байналмилалии композиторон дар шаҳри Лодзии Лаҳистон шудааст.
Торнамои Ҷомеаи тоҷикони Канада менависад, Фарангис барои асаре бо номи тоҷикии “Дайду”, ки барои виолин, созҳои кубаӣ ва оркестри созӣ эҷод шудааст, дар ин озмун пирӯз шудааст. Ба иттилои манбаъ, қарор аст расми эътои ҷоиза 27 ноябри соли ҷорӣ дар толори Филармонияи шаҳри Лодзи Лаҳистон ба номи Артур Рубинштейн баргузор шавад.
Фарангис фарзанди профессор Мунира Шаҳидӣ ва набераи оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ мебошад. Ӯ дастпарвари донишгохи Гётенбурги Шветсия буда, ба иттилои торнамои Ҷомеаи тоҷикони Канада, асарҳои баландмазмуни мусиқии Фарангис дар толорҳои машҳури мусиқии Аврупо садо медиҳанд ва осори ӯро оркестрҳои машҳури симфонии Хелсинки, Готенбург, Стокҳолм, Мюнхен, Токио, Монреал, Ню-Йорк, Балтимор, Берлин, Париж, Шанхай, Амстердам, Осло ва даҳҳо дастаҳои ҳунарии ҷаҳон иҷро мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, моҳи октябри соли ҷорӣ силсилаконсертҳои Фарангис Нурулло-Хоҷа таҳти унвони “На ин ҷо ва на он ҷо” дар дар ҳамаи шаҳрҳои Канада баргузор мегардад.