Академик Абдуллоев: Ба Ислом Каримов унвони Атаузбек дода шавад
Академики узбак -- Рустам Абдуллоев пешниҳод кардааст, барои Ислом Каримов унвони “Падар-бунёдгузори Ҷумҳурии Узбакистон” ва насаби Атаузбек дода шавад.
Ба назари Абдуллоев, хизматҳои Ислом Каримов аз нақши Ҷорҷ Вашингтон, нахустин раиси ҷумҳури ИМА ва Камол Отатурк, раҳбари вақти Туркия тафовуте надорад. Ин академики узбак гуфтааст: “Умедворам, парлумон пешниҳоди маро дар арафаи 25-умин солгарди истиқлоли Узбакистон мепазирад”.
Рустам Абдуллоев дар гузашта ҳам бо пешниҳодҳои аҷибаш ба сархати расонаҳо баромадааст. Барои мисол, тобистони соли 2013 иддао кард, Узбакистон бояд ба НАТО бипайвандад ва бо ҳамсояҳои худ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тукрманистон, Арманистон, Русия ва Украина вориди баҳси ҳудудӣ шавад. Баъдан ҳам аз номи ин академик матлабе нашр шуд, ки дар он аз Узбакистон хоста мешуд, нерӯгоҳи “Роғун” бомбаборон шавад. Аммо ҷаноби Абдуллоев гуфт, ин матлаб ҳеч рабте ба ӯ надорад.