Аминҷони Абдуллозода: Мехоҳам дар Тоҷикистон Маркази омузишии “Рушди бозиҳо” таъсис диҳам
Донишҷӯи тоҷике, ки барандаи озмуни таҳияи бозиҳои компютерии “Microsoft” шуд, ба ин ширкат ба кор даъват шудааст.
Аминҷони Абдуллозода имрӯз, 22 сентябр дар як суҳбати катбӣ ба “Озодагон” гуфт, намояндаҳои ширкати “Microsoft” ба ӯ пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд: “Намояндагони ин ширкат бозии компютерии сохтаи маро таъриф карданд. Гуфтанд, ҳар вақт хоҳам метавонам ба “Microsoft” ҳамкорӣ намоям”.
Абдуллозода, ки донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи Вистулаи Лаҳистон аст, ахиран аз миёни 25 гуруҳи барномасозон беҳтарин шинохта шуд. Барномаи таҳиякардаи Аминҷон Абдуллозода, “Лазер” ном дошта, давоми 24 соат таҳия шудааст.
Аминҷон мегӯяд, ин шабу рӯз наметавонад ба “Microsoft” биравад, чун машғули тадрис аст, аммо баъд аз нимсолаи хониш барои таҷрибаомӯзӣ ба ин ширкат хоҳад рафт.
Ин донишҷӯйи тоҷик мегӯяд, литсеи тоҷикӣ-туркии шаҳри Кӯлобро хатм карда, гирандаи стипендияи президентии “Дурахшандагон” мебошад: “Вақте синфи 11 мехондам дар олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Алмаато ҷойи аввалро гирифтам. Дар маҷмӯъ барои иштирок дар олимпиадаҳо 7 медал гирифтаам. Ҳамин медалҳо сабаб шуд, ки маро ба рӯйхати гирандагони стипендияи президентӣ номнавис кунанд. Аз президенти кишвар ва Вазорати маъориф барои дастгириашон миннатдор ҳастам”.
Аминҷони Абдуллозода мегӯяд, қасд дорад, оянда ширкати худро таъсис бидиҳад: “Ин ширкат ба таҳияи бозиҳои компютерӣ машғул мешавад. Алакай чанд бозиро дорам. Яке аз бозиҳои сохтаи ман “Таърихи Тоҷикистон” аст. Бозиҳои дарсӣ низ дорам, ки дар ҳоли омодашавӣ аст”.
Ӯ меафзояд, ба зудӣ дар “Аpp store”, “Play store”, “Windows store” чанд бозии дигарашро нашр мекунад: “Инчунин мехоҳам дар Тоҷикистон Маркази омузишии “Рушди бозиҳо” таъсис диҳам. Дар марказ хонандаҳои синфи 9-ро ҷалб карда, мутахассис омода кардан мехоҳам. Агар аз се як тоҷики худамон барномасоз шавад, шарт нест, рафта дар ягон ширкат кор кунанд, метавонанд тариқи интернет барнома сохта пахш кунаду маблағ ёбанд”.