Мураххасии прапоршике, ки ҳамлагарон ба ШКД-и Ваҳдатро ақиб гардонд
Прапоршик Фозилҷон Махатов, ки шаби 4 сентябр се тан аз ҳамлаварон ба ШКД-и Ваҳдатро кушта, боқимондаро ба ақибнишинӣ водор кардааст, баъди табобат аз беморхонаи низомии Душанбе мураххас шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” имрӯз, 22 сентябр худи Махатов хабар дода, ба далели вазъи саломатияш аз суҳбати бештар худдорӣ кард.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, қаблан аз корнамоии прапоршики милиса -- Фозилҷон Махатов алайҳи ҳамлагарон ба ШКД-и шаҳри Ваҳдат тавсиф намуда, изҳор дошта буд, ки Махатов се тан аз ҳамлагаронро кушта, худаш маҷруҳ шудааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, Фозилҷон Махатов, ки ба ҳайси ёрдамичии сардори қисми навбатдории ШКД-и Ваҳдат фаъолият дорад, соати 2-и шаби 4 сентябр масъулияти навбатдориро дар шӯъба ба уҳда гирифтааст. Тибқи иттилои ВУД баъди соати 4 ҳамлаи мусаллаҳонаи як гуруҳ бо сардории Зиёратдин Абдуллоев ба шӯъбаи милитсия сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, Фозилҷон тибқи талаботи вазъияти фавқуллода амал намуда, бо дигар ҳамкоронаш, алайҳи аъзои саропо мусаллаҳи гуруҳи Абдуллоев муқовимати шадид нишон додаанд. Махатов бо зарбаи тир Абдуллоевро безарар гардондааст.
Худи Фозилҷон Махатов мегӯяд, вақте роҳбари гурӯҳ мусаллаҳ ва чанд ҳаммаслаки ӯро безарар гардонданд, аъзои боқимондаи он бо партоби чанд норинҷак ба дохили бинои шӯъбаи милитсия, роҳи фирорро пеш гирифтаанд.
Фозилҷон Махатов баъди ду соли хизмати ҳарбӣ дар қушунҳои сарҳадии Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар буданд, соли 1997 ба сафи мақомоти умури дохилии кишвар пайвастааст. Ба гуфтаи Махатов солҳои аскарӣ ӯ дар қитъаҳои мушкилгузари сарҳади Тоҷикистону Афғонистон адои хизмат намуда, малакаи ҷангияшро такмил додааст.
Корнамоии Фозилҷон Махатов дар ҳолест, ки дар ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 4 сентябр дар шаҳри Ваҳдат 4 корманди мақомоти умури дохилӣ ҷон дода буданд.