Маҳкумияти модаре, ки духтари 11 солаашро ба бистари тоҷири чинӣ даровард
Додгоҳи шаҳри Душанбе Зайнабибӣ Сафарова, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки духтари 11-солаашро иҷборан барои истисмори шаҳвонӣ дар ихтиёри тоҷири чинӣ -- Абдулажан Абдулайтӣ додааст, ба 29 солу 8 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои мақомот, Сафарова барои ба шавҳар додани духтари ба синни 14 норасида ва қаллобӣ дар ҳаҷми калон гунаҳкор дониста шудааст. Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда аз соли 2008 монеи таҳсили духтараш шуда, моҳи августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе як хонаро ба иҷора гирифта, духтараш -- Мижгонаро ба ақди никоҳи Абдуллажани 35-сола даровардааст: “Дар натиҷа Мижгона ҳомиладор мешавад ва модару шавҳараш ӯро дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе водор ба исқоти ҳамл мекунанд”.
Сафарова инчунин дар он айбдор дониста шудааст, ки бо роҳи қаллобӣ ба боварии шаҳрвандон -- Салимдодов, Қосимов, Мустафоқулов, Дилмуроди Қурғун, Яҳё Самӣ ва Симилзян Кайму даромада, тайи солҳои 2012-2013 аз онҳо зиёда за як миллион доллар гирифтааст. Бо қарори додгоҳ ӯ муваззаф шудааст, ин маблағро баргардонад ва дар ҳаҷми 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима супорад.
Абдуллажан Абдулайтӣ, ки Сафарова духтарашро ба ӯ додааст, яке аз тоҷирони маъруф ва роҳбари ғайрирасмии уйғурҳои Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки қаблан барои таҷовуз ба номус ва никоҳ бо ноболиғ 18 сол равонаи зиндон шуд, аммо додгоҳи таҷдиди назар ахиран ин муҳлатро то 10 сол кам кард.
Ин қазия танҳо баъди огоҳ шудани тағои ҷабрдида аз ин ҳол оммавӣ шуда буд ва қаблан “Озодагон” иттилоъ дод, ки модари ин духтар ба ивази қарзаш аз тоҷири чинӣ розӣ шудааст, фарзандаш мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор бигирад ва ӯро маҷбур ба исқоти ҳамл кардааст.
Абдулажан Абдулайтӣ аз муссисони бозори “Сомон”, яке аз калонтарин бозорҳои шимоли Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки соли гузашта барои соҳибии он миёни шаҳрвандони Тоҷикистон кашокаш авҷ гирифта буд. Як сол қабл намояндаи Абдулажан Абдулайтӣ -- Абдукелиму Шадике ба далели нақзи қоидаҳои будубош аз Тоҷикистон хориҷ шуд ва ин кор сабаби кашмакаш барои ишғоли курсии раиси бозори “Сомон“ гардид.