«Нақши Конститутсияи Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ».Таҳти ҳамин унвон 31-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҳамоише баргузор мешавад.
Тавре аз маркази миллии қонунгузории назди президент ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ин нишаст ба 17-умин солгарди қабули сарқонуни кишвар бахшида шуда, дар кори он ҳуқуқшиносон аз донишгоҳҳои мухталифи кишвар ва ниҳодҳои марбут ба ин соҳа ширкат хоҳанд кард. Дар назар аст, зимни ин чорабинӣ масоили роҷеъ ба қонуну қонунгузорӣ ва норасоиву камбудиҳо дар қонунгузории кишвар баррасӣ гардад. Бархе аз ҳуқуқшиносони кишвар мегӯянд, феълан баъзе аз бандҳои сарқонуни Тоҷикистон ниёз ба ислоҳот дорад ва тағйирот дар онҳо боиси рушди соҳа хоҳад шуд. Маврид ба зикр аст, ҳамасола 6-уми ноябр, ҳамчун рӯзи қабули Сарқонун дар сартосари кишвар ҷашн гирифта мешавад.{jathumbnail off}