Ҳимояти СҲШ аз амалиёти махсус алайҳи генерал Назарзода
Кумитаи иҷроии зиддитеррористии минтақаии Созмони ҳамкории Шонхай мақарраш дар Тошканд, аз амалиёти вижаи мақомоти Тоҷикистон алайҳи гуруҳи генерал Абдуҳалим Назарзода ҳимоят кардааст.
Дафтари матбуотии ин ниҳод гуфтааст, кумитаи мазкур аз амалиёти зиддитеррористии ниҳодҳои босалоҳияти Тоҷикистон, ки ҳадафи он таъмини сулҳу субот дар минтақа буд, ҳимоят мекунад ва изҳор медорад, ки омода аст, то ҳамкории ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви ин созмонро тақвият бахшад.
Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви Созмони ҳамкории Шанхай ҳастанд. Белорусия, Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон Покистон ва Афғонистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.
Дар пайи амалиёти махсуси 12-рӯзаи мақомоти Тоҷикистон алайҳи гуруҳи собиқ муовини вазири мудофиа бино ба иттилои расмии Додситонии кулл “25 нафар террорист нобуд карда шуда, 125 нафар узви гурӯҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо, аз ҷумла 28 нафар бо ҳамкории фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ муайян ва дастгир карда шуданд” Ин ниҳод рӯзи 17 сентябр гуфт, дар ин амалиёт 14 хизматчии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам ҷони худро аз даст доданд.