Хуҷанд аввалин бор аз Рӯзи шаҳр таҷлил мекунад
Барои аввалин бор Хуҷанд - маркази маъмурии вилояти Суғд, Рӯзи шаҳрро ҷашн мегирад.
Тавре аз маъмурияти шаҳри Ҳуҷанд ба “Озодагон” хабар доданд, бар пояи қарори раиси шаҳр – Раҷаббой Аҳмадзода ин сана 26 сентябр таҷлил хоҳад шуд: “Дар қаламрави шаҳри Хуҷанд “Рӯзи шаҳр” бо тантана таҷлил карда мешавад”.
Бино ба иттилои манбаъ, барои баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи баланд тамоми ниҳоди шаҳрдорӣ муваззаф шудаанд.