Барбод рафтани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба хусус дар навоҳии кӯҳистон зиёд ба назар мерасад. Роҳбарону масъулини ноҳияҳо дар мавриди ба фурӯш баровардан ва ё коркарди маҳсулоти худӣ тақрибан коре карда наметавонанд. Навоҳии кӯҳистон, ки аксаран ба парвариши чорво сару кор доранд, пашму пусти ҳайвонҳоро намедонанд ба куҷо интиқол диҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад. Аммо дар Тоҷикистон наметавонанд аз ин маҳсулот истифода баранд. Ҳол он ки аз пашму пусти ҳайвон метавон маҳсулоти зиёде истеҳсол кард ва даромади хуб ҳам ба даст овард. Дар ҳамин ҳол, аввали имсол муттахассисон ва роҳбарони ноҳияи Муъминобод бо сардории раиси ноҳия Сафаралӣ Зокиров талош намуданд, то коркарди пашми чорворо ба роҳ монда, кам ҳам бошад ин ашёро аз нобудшавӣ эмин бидоранд. Дар ноҳия Ассосиатсияе бо номи «Зам-Зам» ба барориши курпачаҳои пашмин ба фаолият оғоз кард. Дар аввал корхона наздики 100 зани маҳаллиро ба кор ҷалб намуда, тули як муддати кӯтоҳ беш аз 250 кӯрпачаҳои пашмин истеҳсол намуд. Харидорони нахустини ин навъи маҳсулот низ пайдо гаштанд. Ташаббусро нахустин шуда ҳукумати маҳаллӣ гирифт ва дар баробари ин ташкилоту корхонаҳои ноҳия низ аз он ба қадри зарурӣ харидорӣ карданд. Сафаралӣ Зокиров, раиси ноҳия мегӯяд, ҳарчанд ин ташаббус, яъне истеҳсоли кӯрпачаҳо аз пашм барои манфиати аҳолии ноҳия роҳандозӣ гаштааст, аммо дар ояндаи наздик агар ин фаъолият дастгирӣ ёбад, он метавонад ба манфиати кишвар ҳам хизмат намояд. Яъне, пашми истеҳсолмешуда дигар ба нестӣ нарафта, балки аз он маҳсулоти зарурӣ ва на танҳо курпача, ки дигар маҳсулот ҳам ба монанди ҷӯробу дастпӯшаки гарм, жемперу палтоҳо ва дигар либоси зимистона истеҳсол кард.
Некбинон бар он назар буданд, ки ташаббуси муъминободиҳо лоиқи дастгирист ва ҳамин гуна корхонаву сехҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти пашминро метавон дар дигар навоҳӣ ҳам ба роҳ монд. Дар ин маврид ҳам ҷойҳои корӣ зиёд мешуду ҳам ашёи хоми худӣ беҳуда нест нагашта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт. Мутаасифона ин ташаббус на танҳо дастгирӣ наёфт, балки бо иллати сарфаҳм нарафтани кор, сехи тозаэҷод дар Муъминобод ҳам аз фаъолият монд.
Бояд гуфт, пашми маҳиннах, ҳарчанд дар бозори ҷаҳонӣ қиммати баланд дошта бошад ҳам, вале дар Тоҷикистон он тақрибан беқурб гаштааст. 1 кило аз ҳамин пашмро ҳамагӣ ба қиммати 2-3 сомонӣ мефурӯшанд. Қурбонов мегӯяд, чорвопарварон дигар чора надоранд, зеро харидор нест. Мутаасифона, дар ҳоли ҳозир тоҷирони тоҷик ба ин намуди тиҷорат даст назадаанд ва ба гумон аст, ки дар солҳои наздик аз он кор бигиранд. Ин маънои онро дорад, ки боз муддати номаълуме пашми гаронарзиш пӯсидаву вайрон мешаваду чорвопарвари тоҷик аз он фоидае ба даст оварда наметавонад.
Ин дар ҳолест, ки дар ноҳияи Данғара ҳанӯз чанд сол муқаддам корхонаи коркарди пусту пашм бунёд гаштаву гӯё барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ пешбинӣ гашта буд, вале то ҳанӯз фаъолият намекунад.
Аслиддин Достиев{jathumbnail off}