Боздошти ҷавондухтари 20-сола бо иттиҳоми роҳзанӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавондухтари 20-сола хабар дод, ки дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда, сокини ноҳияи Панҷ буда, 28 август тахминан соати 11:00 дар бозори “Ҳоҷӣ-Шариф”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, “бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр ба дукони соҳибкорзани 36-сола ворид шуда, бо таҳдиди корд аз ин соҳибкорзан якчанд намуди либосҳоро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”.
Манбаъ ҳаҷми зарари ба соҳибкор расидаро 400 сомонӣ ҳисоб карда, гуфтааст, кормандони пулис дар пайи чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбарро дастгир намудаанд: “Нисбати ӯ бо моддаи 249-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.