Э.Раҳмон дар бораи ҳифзи ҷавонон аз пайвастан ба гуруҳҳои террористӣ ва зимистони сарду тӯлонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18 сентябр дар мулоқот бо сокинони шаҳри Турсунзода, аз онҳо даъват кардааст, дар шароити имрӯза хеле ҳушёру зирак бошанд ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузоранд.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат ба сокинон ва масъулини шаҳри Турсунзода аз ҷумла таъкид кардааст, “хусусан фарзандони худ ва ҷавононро аз ҳар гуна қонуншиканӣ ва пайвастан ба ҳаракату гуруҳҳои ифротгарову террористӣ, ки ваҳшонияти асримиёнагии онҳо имрӯз аҳли башарро ба даҳшат андохтааст, эмин нигоҳ дорем”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, аз эҳтимол дур нест, ки тирамоҳу зимистони имсола тӯлониву сард биёяд ва аз изҳор дошта, сокинон бояд ба он омода бошанд: “Чунон ки медонед, ман қариб дар ҳамаи мулоқоту чорабиниҳо масъалаи захираи маводи ғизоӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистонро таъкид менамоям. Бо дарназардошти он ки аз рӯи тамоми аломатҳо тирамоҳу зимистони имсола тӯлониву сард омаданаш аз эҳтимол дур нест, ман ин масъаларо дар суханронии худ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб махсус хотирнишон намудам. Ва ҳоло бори дигар ҳамаи роҳбарону масъулон ва аҳолиро огоҳ месозам, ки ба ин масъала бисёр ҷиддӣ муносибат кунанд”.
Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 18 сентябр бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода рафт. Дафтари матбуотии президент мақсади ин сафарро “ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва мулоқот бо мардум” арзёбӣ кардааст.