“Халифа” дар Шуғнон паронда шудааст
Озодбек Асматбеков, як сокини маҳаллаи Ошиневи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон, ки миёни сокинони маҳаллӣ ҳамчун “халифа” ё руҳонӣ маъруф аст, шоми 17 сентябр ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифтааст.
Тавре аз мақомоти вилояти Бадахшон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, қазия тақрибан соати 21:00 дар саҳни манзили истиқоматии ин руҳонӣ рух дода, феълан тафтишот идома дорад: “Ҷабрдида дар беморхона бистарӣ буда, вазъи саломатияш муътадил мебошад”.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло маълум нест, ин руҳонии 63-сола аз ҷониби кӣ ё киҳо ва барои чӣ паронда шудааст.