Тасдиқи пешгӯии Кабирӣ дар мавриди кофтукоби байналмилалии ӯ
Пешгӯии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳадафи мақомоти тоҷикро аз рабт доданаш ба ошӯби гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, дар пайгарди байналмилалӣ қарор додани худ хонда буд, тасдиқ ёфт.
Мақомоти Тоҷикистон дар пайи нашри изҳорот, ки гуруҳи террористии Ҳоҷӣ Ҳалим бо дастури Муҳиддин Кабирӣ фаъолият мекардааст, имрӯз, 18 сентябр аз омодагиҳо барои кофтукоби байналмилалии Кабирӣ иттилоъ доданд. Ба иттилои мақомоти тоҷик феълан асноди лозимӣ барои кофтукоби байналмилалӣ ва боздошти Кабирӣ дар ҳоли таҳия қарор доранд, ки ба зудӣ ба пулиси байналмилалӣ-Интерпол пешниҳод хоҳанд шуд.
Худи Кабирӣ панҷшанбеи 17 сентябр дар суҳбати катбӣ бо “Озодагон” гуфт, иддаои Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи худи ӯ ва аъзои ҳизбаш поя надоранд. Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, "ҳадаф аз сохтакории мақомоти тоҷик ва рабт додани аъзои ҲНИТ ба ошӯби Назарзода" дар пайгарди байналмилалӣ қарор додани ӯ мебошад.
Раиси ҲНИТ ҳаводиси ахирро фурсати муносиб барои пиёдасозии ҳадафи ҳукумат нисбати ҲНИТ хонда, афзуда буд, "омилҳои ин амали Назарзодаро бояд дар сиёсати нодурусти ҳукумат ҷуст".