Боздошти ҷавоне бо иттиҳоми куштори зани 44-сола ва захмӣ кардани писари ноболиғаш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки дар куштори як зани 44 -сола ва захмӣ кардани писари ноболиғи ӯ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда сокини 23-солаи шаҳри Душанбе буда, рӯзи 17 сентябр дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони пулис дастгир шудааст. Манбаъ мегӯяд, муайян гардидааст, ки ин ҷавон шаби 16 ба 17 сентябр, тахминан соати 00:20 вориди хонаи истиқоматии зани 44-солаи шаҳри Душанбе шуда, аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо корди ошхона якчанд маротиба ба узвҳои бадани ӯ задааст: “Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Ба иттилои ВУД, гумонбаршуда “кирдорҳои ҷинояткоронаашро идома дода, бо корд ду маротиба ба аъзои бадани писари 13-солаи зан мезанад, ки дар натиҷа писарбачаи ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”.
Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.