“Тасмими TeliaSonera самти кори Tcell-ро тағйир намедиҳад”
Ширкати мобилии Tcell мегӯяд, тасмими TeliaSonera дар мавриди таваҷҷуҳи бештар ба бозори Аврупо самти фаъолияти онҳоро дар Тоҷикистон тағйир нахоҳад дод.
Аз ин ширкат ба “Озодагон” гуфтанд, Tcell дар пайи тавсеаи шабака, роҳандозии технологияҳои муосир ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ аст.
17 сентябр Ширкати шведии TeliaSonera, ки саҳҳоми аслии Tcell мебошад, хабар дод, тадриҷан фаъолияти худро дар Авруосиё қатъ намуда, бештар ба Аврупо рӯ меорад. Ин ширкат ба ҷуз аз Тоҷикистон дар Қазоқистону Узбакистон, Озарбойҷону Молдова ва Гурҷистон фаъолият дорад.
Йоҳан Деннелинд, мудири иҷроии TeliaSonera гуфт, корҳое ки дар давоми ду соли гузашта барои беҳбуди фаъолият дар минтақаи Евразия анҷом гирифт, дигарон метавонанд идома диҳанд.
Улвия Гасанзода, ноиби президенти TeliaSonera Eurasia дар умури коммуникатсия мегӯяд, тасмими гузаштан ба стратегияи нав, ки дар натиҷаи он дороиҳои TeliaSonera дар бозори мухобиротии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакитстон, Гурҷистон, Молдов, Непал ва Озарбойҷон тадриҷан соҳибони худро дигар мекунанд, қабл аз эълони он гирифта шуда, муҳлати муайян ва механизми фурӯши дороиҳо ҳанӯз муайян нагардидааст.
Миндаугас Убартас, сарвари кулли ширкати Tcell мегӯяд, “Tcell дар бозори телекоммуникатсияи Тоҷикистон 15 сол мешавад, фаъол аст ва бешубҳа аз раҳбарияти TeliaSonera манфиати бузург дидааст. Дар ин муддат мо тиҷорати муваффақ ба роҳ мондем ва стратегияи хуберо коркард намудем. Минбаъд низ барои кори ҳаррӯза талоши зиёд ба харҷ медиҳем. Барои роҳатии муштариён ва таҳкими ҷойгоҳ дар бозори мухобиротӣ бештар кушиш хоҳем кард”.