Э.Раҳмон роҳеро, ки чор сол таъмир шуд, ифтитоҳ кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Турсунзодаро, ки таъмири он чор сол инҷониб идома дошт, расман ифтитоҳ кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии президент, арзиши умумии лоиҳаи беҳтар кардани ҳолати роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар маҷмӯъ 131, 2 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва гранти бонки Осиёгии Рушд амалӣ гардидаст: “Бунёди иншооти мазкур моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи коргарону мутахассисони тоҷику чинӣ ба итмом расонида шудаанд”.
Ин роҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода оғоз ёфта, 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати 4 хаттаи нақлиёт бунёд ёфтааст. Қисми дигари он бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати ду хаттаи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт: "61 км роҳи ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бошад, пурра чароғон карда шудааст".
Манбаъ меафзояд, тибқи лоиҳа дар шоҳроҳ 9 купрук бунёд гардида, бо назардошти талабот 213 қубури обгузар ҷойгир шудааст: “Дар ду шафати роҳ ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст. Роҳи мошингард аз ҳудуди ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода мегузарад ва ҳамчун иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ хизмат мерасонад”.
Ифтитоҳи ин роҳ дар ҷараёни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода, ки имрӯз 18 сентябр оғоз шуд, сурат гирифтааст. Дафтари матбуотии президент мақсади ин сафарро “ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва мулоқот бо мардум” арзёбӣ кардааст.