Манучеҳр Аҳмадов дар ҳайати “Ал-Аҳл”-и Баҳрайн бо рақами 22 ба майдон мебарояд
Манучеҳр Аҳмадов ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба тими “Ал-Аҳл”-и Баҳрайн пайвастааст.
Аз Федератсияи футболи кишвар ба “Озодагон” хабар доданд, ки Аҳмадов зери шартнома рӯзи гузашта, 16 сентябр имзо гузоштааст. Муҳлати шартнома як солро дар бар мегирад.
Ба иттилои манбаъ, Манучеҳр дар “Ал-Аҳл” таҳти рақами 22 ба майдон мебарояд. Аҳмадов аввалин легионери тоҷик нест. Давронҷон Эргашев, собиқ бозигари дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол” аз соли 2013 дар дастаи “Жетису”- Қазоқистон ва Фарҳод Восиев аз соли 2013 дар тими “Газовик”-и Оренбург бозӣ мекунанд.