Ҳамдардии Э.Раҳмон ба наздикони куштаҳо ва сипосаш барои амалиёт алайҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ки дар ҷараёни амалиёти махсус ҷиҳати маҳви гуруҳи Абдуҳалим назарзода, маъруф ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” кушта шудаанд, изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Дафтари матбуоти президенти кишвар мегӯяд, раисиҷумҳур “ба роҳбарони сохторҳои мақомоти дахлдор супориш дод, ки оилаҳои шахсони ҳалокшударо бо кумаку ғамхории ҳамаҷониба фаро гиранд”.
Амалиёти вижаи мақомот алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" баъд аз ҳамлаи бомдоди 4 сентябр ба ШКД-и Ваҳдат ва Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе шурӯъ гардид. Ба иттилои расмӣ 13 корманди мақомот, бо шумули фармондеҳи "Алфа"-и КДАМТ кушта шудаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомие, ки дар ин амалиёти махсус ширкат намуданд ва ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки "дар самти дастгир кардани террористон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолона ҳамкорӣ доштанд, изҳори миннатдорӣ намуд”.
Қаблан, мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки 11 сентябр 18 узви гуруҳи Абдуҳалим Назарзодаро мардум боздошт ва ба мақомот супоридаанд.