МТС: Русия хатти дифояшро ба сарҳади Тоҷикистон кӯчонданист...
Маркази тадқиқоти стратегӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақараш дар шаҳри Мински Белорус гузориши ҷадиде дар бораи дурнамои нави геополитикаи Русия нашр кардааст.
Ин маркази мустақил 15 сентябр бо нашри гузориш таъкид намудааст, ки стратегияи нави геополикии Русия амалгаро буда, ин кишвар ният дорад, хатти дифояшро ба сарҳадҳои берунии Тоҷикистон, Қазоқистон, Белорусия, Абхазияю Осетияи ҷанубӣ интиқол диҳад: “Эҷоди ноамнӣ дар қад-қади ин хатти стратегӣ банде аз геополитикаи нави Русия аст, ки ҳадаф аз он кам кардани ҳузури абарқудратҳои дигар дар ин минтақа мебошад”.
Рахна миёни кишварҳои НАТО, ноамнсозии кишварҳои истеҳсолкунандаи маводи сӯхт барои боло бурдани нархи нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ ва таҳкими ҳузураш дар собиқ кишварҳои пасошӯравӣ аз бандҳои дигари стратегияи нави геополитикии Русия арзёбӣ мешаванд.