Тавсифи Путин аз қудратиҳои тоҷик: Аз уҳдаи ҳалли мушкилот хуб мебароянд...
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия имрӯз, 15 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СПАД аз қудратиҳои тоҷик тавсиф кард. Ӯ гуфт, "мебинем ба хубӣ аз уҳдаи ҳалли мушкилоти зуҳуркарда мебароянд".
Путин бо ишора бо ҳодисаҳои ахир дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки он талоше барои ноором сохтани вазъ дар кишвар буд: “Мо ин хатарҳоро хуб дарк мекунем. Тоҷикистон ҳамеша метавонад ба кӯмаку дастгирии мо такя кунад”.
Раисиҷумҳури Русия инчунин аз хатарҳои рӯзафзун ва вуруди эҳтимолии гуруҳҳои ифротӣ аз қаламрави Афғонистон суҳбат карда, гуруҳи “Давлати исломӣ”–ро низ зикр кард, ки хатари ҷаҳонӣ дорад. Ӯ ба зарурати муборизаи бештар бо “Давлати исломӣ” таъкид карда афзуд, ин гуруҳ талоши ғасби Маккаю Мадина то Аврупою Русия ва Осиёро дорад.