Раҳбарии СПАД аз Тоҷикистон ба Арманистон гузашт (ВИДЕО)
Дар ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар Душанбе раҳбарии ин созмон аз Тоҷикистон ба Арманистон гузашт.
Раҳбарии СПАД моҳи декабри соли 2014 дар ҷаласаи СПАД дар Маскав ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор шуда буд. Серж Саргсян, раисиҷумҳури Арманистон аснои суханронияш дар нишасти матбуотӣ баъд аз ҷаласаи СПАД гуфт, Тоҷикистон роҳбарии ин созмонро бо муваффақият ба анҷом расонд.
Раисиҷумҳури Арманистон афзуд, ин созмон барои вокуниши сареъ ба ҳамагуна таҳдиду хатар омода аст. Ӯ таъкид намуд, ки “СПАД барои ҳамкорӣ ва транзити васоили низомӣ омода буда, барои пешгирӣ аз терроризми байналмиллалӣ, неофашизм, шовинизм ва ксенофобия бо дигар кишварҳо ҳамкорӣ мекунад”.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Николай Бордюжа, дабири кули СПАД гуфт, дар ҳоли ҳозир фаъолияти ин созмон шакл гирифта, қарор аст дар оянда созмони мазкур ба системаи ҷадид, ротатсияи дабири кулл бигзарад: “Сарони кишварҳои узви созмон лоиҳа дар мавриди тағйироти оинномаи ҳуқуқии пойгоҳи СПАД-ро то декабри соли равон таҳия хоҳанд кард”.
СПАД соли 1992 ташкил ёфта, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Белорусия аъзои он ҳастанд.
ВИДЕОИ ҷаласаи СПАД инҷост