Даргузашти Саралаев баъди 1 соли падруд бо Тоҷикистон
Урмат Саралаеав, собиқ сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон 14 сентябр иттилоъ додаанд.
Саралаев, доктори улуми сиёсӣ, дар Тоҷикистон 8 соли собиқаи дипломатӣ дорад, ки аз он 4 солаш дар курсии сафирӣ мебошад.
Урмат Саралаев дар пайи тирпаронии 11 январи соли гузашта миёни марзбонони қирғизу тоҷик ба Ватанаш хонда шуда, раиси ҷумҳури Қирғизистон зери қарори барканории ӯ рӯзи 30 июни ҳамон сол имзо гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8 июли соли гузашта Урмат Саралаевро барои анҷом ёфтани муҳлати сафириаш ба ҳузур пазируфта, худоҳофизӣ карда буд.