Боздошти бародарон, домодҳо ва писари Ҳоҷӣ Ҳалим: 2 бародару 2 писари дигараш бедараканд...
Миёни беш аз 110 нафар, ки бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шудаанд, бисёрашон хешовандони ӯ мебошанд.
Тавре “Озодӣ” бо такя ба наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим иттилоъ додааст, Назарзода 7 бародар доштааст, ки ҳоло 4 нафарашон- Абдукарим, Абдураҳим, Мирзоҳаёт ва Ҷамол дар боздоштанд ва эҳтимол ду бародари дигараш - Низом ва Салим ҳамроҳи худи ӯ ҳастанд: “Як бародари дигараш бо номи Ғолиб дар Русия ба сар мебарад”.
Манбаъ инчунин иттилоъ додааст, ки Файзигул Назарова, духтари 28-солаи Абдуҳалим Назарзода аз боздошт раҳо шудааст, вале шавҳари Файзигул-Абдураҳмон ҳанӯз ҳам дар боздошт ҳаст: “Чанд домоди бародарони Ҳоҷӣ Ҳалим низ аз манзилҳои зисташон боздошт шудаанд”.
Наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим инчунин се ҳамсар доштани ӯро рад карда, изҳор доштаанд, ки ду ҳамсар доштааст ва бо ҳамсари дуввумаш солҳои зиёд зиндагии муштарак надоштаст: “Писараш Иброҳим аз ҳамсари дуюмаш донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда ҳоло дар боздошт қарор дорад. Ду писари дигараш аз ҳамсари аввалааш бо номи Бахтиёр ва Муҳаммад аз субҳи чоруми сентябр ба ин сӯ нопадид ҳастанд ва тахмин меравад, ки онҳо бо падари худ фирор кардаанд”.
Мусоҳиби “Озодӣ” инчунин таъкид намудааст, ки то замони боздошташон аксари наздикони Назарзода аз чизе хабар надоштанд: “Бародараш Мирзоҳаёт ҳамон субҳ, вақте вазъиятро фаҳмид, худаш назди милисаҳо рафту гуфт, ки агар гуноҳашро ёбанд, ба он ҷавоб мегӯяд. Ҳоло мо аз онҳо ҳеҷ хабаре надорем ва намедонем кӣ дар куҷо ҳастанд”.
Расман мақомоти Тоҷикистон то ҳол аз боздошти ҳудуди 110 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани 22 шарикаш хабар дода, афзуданд, ки феълан амалиёт алайҳи худи генерали фирорӣ дар Ромит идома дорад.