Футболбозони то 16-солаи тоҷик ба Қатар рафтанд (АКС)
Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-16) барои иштирок дар бозиҳои тахассусии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2016 шоми дирӯз вориди Қатар шуд.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, мусобиқот аз 16 то 20 сентябр дар пойтахти Қатар -- шаҳри Доҳа баргузор мегардад. Ба иттилои манбаъ, мунтахаби ҷавонони кишвар дар ин мусобиқа бо дастаҳои Қатар, Ироқ ва Туркманистон рақобат хоҳад кард.
Ҳайати тими Мунтахаби ҷавонони кишвар таҳти роҳбарии сармураббии даста Зайниддин Раҳимов аз ин қабил аст: Дарвозабонҳо: Далер Азизов (“Регар-ТадАЗ”), Хисрав Раҳимов (“Саройкамар”), Меҳвар Сулаймонов (“Помир”); Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Шаҳром Абдуллоев (“Истиқлол”), Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳусейн Нурматов, Амир Иброҳимов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдо Малиев (Помир), Нимҳимоятгарон: Саидмухтор Азимов, Аслам Камолов, Шервони Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Искандар Солиев (Помир), Зиёвуддин Фузайлов (Истиклол); Ҳамлагарон: Мубинҷон Муминов, Рамз Амрохонов, Аваз Камчинов, Тоҳир Малодустов, Шаҳзод Давлатов (Помир), Далер Ёдгоров (Истиқлол).