АКС: Мулоқоти “бидуни галстук”-и президентҳо дар “Шоми Дӯстӣ”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мулоқоти “бидуни галстук”-и сарони кишварҳои узви СПАД гузориши аксӣ нашр намуд, ки шоми 14 сентябр зери унвони “Шоми Дӯстӣ” дар Кохи Сомон баргузор шудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Русия низ аз мулоқоти “бидуни галстук”-и Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва дигар сарони кишварҳои узви СПАД хабар дода, афзудааст, 15 сентябр мулоқоти алоҳидаи раисони ҷумҳури Тоҷикистону Русия дар назар аст.
Гуфта мешавад, дар мулоқоти алоҳидаи Путину Раҳмон, ки имрӯз, 15 сентябр дар назар аст, дар баробари масоили дигари ҳамкорӣ, инчунин нооромиҳои ахири Тоҷикистон ва ёрии Русия ба мақомоти тоҷик низ баррасӣ хоҳанд шуд.