Тавсияҳои табибони Бемористони Ибни Сино барои пешгирии бемориҳои мавсимӣ
Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино
Бо фарорасии фасли тирамоҳ, ки тағйирёбии зуд-зуди ҳаво, боду борон, рутубату намноки оғоз меёбанд имконияти гирифтории инсон ба бемории зуком дучанд мегардад. Баъд аз тобистони гарм ҷисми одам ҳанӯз ба чунин боду ҳаво мутобиқ нашудааст. Ҳамин ки каме пойҳояшон нам шуд, зуд таб мекунанд ё сулфаю оби димоғашон ҷорӣ мешавад. Зуком оризаҳои нохуш дорад. Бино бар ин, бо он бояд сари вақт ва ҷиддӣ мубориза бурд.
Зуком бемории вирусӣ буда давомнокии он 3-7 рӯзро дар бар мегирад. Хавфи асосии ин беморӣ дар оризаҳояш мебошад. Бештар илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гўш, ки онро отит ҳам мегўянд, бронхити шадид аз ҷумлаи оризаҳои зукоманд, ки метавонанд шакли музминро гиранд. Сабаби асосии беморшавӣ суст шудани қувваи муҳофизатии организм (иммунитет) аст. Чун қувваи муҳофизатӣ суст шуд, ҷисми инсон бар муқобили ҳамагуна беморӣ, аз ҷумла зуком зуд-зуд гирифтор мешавад. Аз ин хотир аввал бунияи инсонро бояд мустаҳкам кард. Зуком бештар дар ҳавои намӣ - фаслҳои зимистону баҳор пайдо мешавад. Албатта ба бемориҳои мавсимӣ, аз он ҷумла зуком пеш аз ҳама шахсоне, ки иммунитети заиф доранд, гирифтор мешаванд. Кӯдакону пиронсолон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд. Барои дар мавсими сардиҳо гирифтор нашудан ба ин беморӣ иммунитетро пурқувват намудан лозим аст.
Тавре маълум аст, аслан барои пешгирии зуком ва сармохӯрдагӣ маҳсулоте, ки дар он бештар витамини С мавҷуд аст (лимӯ, хуч, смородина, карами турш (квашенная) муфиданд. Сабзии аз турбтарошак гузаронда ва бо равғани растанӣ омехта барои баланд бардоштани иммунитет хеле хуб аст. Дар таркиби сабзӣ теъдоди зиёди антиоксидантҳо мавҷуд ҳастанд, ки қувваи ҳимоятии ҷисмро мустаҳкам нигоҳ медорад. Антиоксидантҳо ҳамчунин дар таркиби ҳар меваю сабзавоти рангаш зард, норинҷӣ ва сурх мавҷуд аст.
Дар Бемористони Ибн Сино духтурони ботаҷриба фаъолият менамоянд, ки тарзи дурусти пешгириву табобати бемориҳои мавсимиро ба ниёзмандон мефаҳмонанд. Умуман тавсияи духтурон ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ чунинанд: Агар ҳарорати бадан то 37,5 дараҷа бошад худи ҷисми инсон бояд бо он мубориза барад. Агар ҳамин нишондодро мо ба таври сунъӣ паст кунем рафта-рафта ҷисм ба он одат мекунад ва минбаъд низ наметавонад бо он мубориза барад. Дар ин ҳолат агар ба бадани бемор маҳлули спирту обро омехта молед табро паст мекунад. Дар ҳолати аз 37,5 боло рафтани таби бадан доруи паратсетамол ё дигар доруҳои дар таркибашон паратсетамолдошта барои кўдакон ба миқдори 10 мг. ба 1 кг. вазни бадан ва барои калонсолон ба миқдори 500 мг. дар як рўз 3 - 4 маротиба тавсия дода мешавад. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан ҳатман ба пизишк муроҷиат намудан лозим аст.
Қобили қайд аст, ки дар назди Бемористони Ибни Сино ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи миллӣ” фаъолият мекунад. Бо истифода аз хизматрасониҳои он Шумо метавонед хароҷоти хешро барои табобат коҳиш намоед. Масъалан дар барномаи суғуртавии «Амал” дар сурати пардохти 500 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ба шахси суғурташуда дар давоми як сол то 20 000 сомонӣ хизматрасониҳои тиббӣ расонида мешавад.
Нишонии мо: ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 34. Телефон барои тамос: 44 640 01 11