Тавсифи Лукашенко аз ҷасорати Э.Раҳмон: Барои оромӣ ҳар лаҳза омодаи кӯмакем...(АКС)
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус ба ҳамтои тоҷикаш -- Эмомалӣ Раҳмон ваъда додааст, ки кишвараш ҳар лаҳза омодааст, барои оромӣ дар Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз кунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, президенти Белорус ҳамчунин ба тадбирҳои амниятии Тоҷикистон ишора карда, таъкид намудааст: “Шумо бо ҷавонмардию ҷасорати беандоза барои нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамеша мубориза мебаред, то ки мардуми кишвар зиндагии орому осуда ва заҳмати созанда дошта бошанд. Мо дар навбати худ омодаем ҳар кумаке, ки метавонем, ҳар лаҳза ба Шумо расонем”.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқоти ҷонибҳо, ки шоми 14 сентябр сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белорус изҳори қаноат карда, таъкид доштааст, ки муносиботи ду кишвар кайҳо боз хислатҳои шарикии стратегиро касб намудаанд: “Дар идомаи суҳбат барои пешгирӣ аз коҳишёбии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки тайи ду соли охир ба назар мерасад, фаъолсозии бештари Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зарур дониста шуд”.