Худкушии хонандаи синфи 9 дар ноҳияи Ғончӣ
Як донишомӯзи 15-сола дар шимоли кишвар худро овехтааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд иттилоъ дода афзуданд, ҳодисаи худкушӣ якшанбеи 13 сентябр дар ноҳияи Ғончӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба иттилои манбаъ, пайвандони ин ноболиғ, ки хонандаи синфи 9 будааст, ӯро дар ҳолати овехта аз манзили зисташон пайдо кардаанд: “Ба фарзияи пешакӣ кудкушии ноболиғ ба ҳолати равонӣ рабт дорад. Мақомоти дахлдор ба тафтиши ҳодиса машғуланд”.
Даст ба худкушӣ задани як ноболиғ дар ноҳияи Ғончӣ дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта дар шимоли Тоҷикистон ду ҳолати худкушӣ ба қайд расидааст. Тавре аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, 11 сентябри соли равон, тахмин соати 16:00 ҷавони 25-солаи ноҳияи Ашт худро дар манзили истиқоматиаш овехтаст: “Худи ҳамон рӯз ҷавондухтари 20-солаи сокини шаҳри Панҷакентро наздиконаш дар ҳолати овехта ёфтаанд”.