АКС: Сӯзондани 1 тонна маводи мухаддир дар оташдони “Тоҷиктекстилмаш”
Мақомоти Тоҷикистон имрӯз, 14 сентябр дар оташдонҳои корхонаи “Тоҷиктекстилмаш”-и шаҳри Душанбе беш аз 1 тонна маводи гуногуни мухаддирро сӯзонданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ маводи мазкур аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва протоколҳои маъмурӣ дар асоси қарорҳои судӣ дар ҳарорати 1000 дараҷа гармӣ нобуд карда шуданд: “Аз ҷумла 43 кило маводи нашъадори сахттаъсири «героин», 128 кило маводи нашъадори «афюн», беш аз 310 кило «бангдона», 401 кило «ҳашиш», 18 бех ниҳолҳои худрӯйи «бангдона», 45 адад ҳабҳои нашъадор ва дигар намудҳои маводҳои мухаддиру воситаҳои психотропӣ маҳв карда шуд”.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ВУД танҳо дар нимсолаи аввали соли 2015 мақомоти қудратии кишвар 2 тоннаву 666 кг маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ гирифтаанд, ки аз ин 1 тоннаву 377 килограмм ё 51,6 фоиз ба дӯши мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд.