Хатлон: Ҳалокати се кӯдак дар пайи беназоратӣ
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи беназоратии волидон тайи рӯзҳои истироҳати гузашта се кӯдаки то 2-3 -сола дар ҷануби кишвар ҷон додаанд.
Ба иттилои манбаъ ду ҳодиса дар ноҳияи Қубодиён ва як ҳолат дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба қайд гирифта шудаанд: “Дар Қубодиён писарчаҳои ду ва сесола аз беназоратии волидайн ба ҷӯйбори обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ғарқ шудаанд”.
Ҳодисаи сеюми маргбор дар Қӯрғонтеппа рух додааст, ки дар натиҷаи он духтарчаи 3-сола ба ҷӯйбори обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ҳалок гардидааст.
Бо зикри ин ҳодисаҳои маргбор Вазорати умури дохилӣ аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки фарзандони ноболиғи худро зери назорат гиранд.