Назарбоев: Миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳеч гуна мушкилот вуҷуд надорад (АКС+ВИДЕО)
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, ки имрӯз, 14 сентябр бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд, дар Қасри миллат бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ин суҳбат гуфт, “Мо ба ташрифи шумо ба Тоҷикистон аҳамияти беандоза медиҳем. Бовар дорам, ки ин боздид бо муҳтаво ва самтгириаш имкон дорад дар муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон саҳифаҳои нав боз намояд”.
Нурсултон Назарбоев дар навбати худ таъкид кард, баъди истиқлол ёфтан миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳеч гуна мушкил вуҷуд надошту надорад: “Мо хоҳони суботу оромӣ дар Тоҷикистонем, зеро ин кишвар барои мо шарики басо муҳим аст. Мо омодаем рушди иқтисодии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем”.
Баъди анҷоми мулоқот 6 санади нави ҳамкорӣ -- Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи техникии иттилот, Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон кор мекунанд ва фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистон, ки муваққатан дар ҳудуди Тоҷикистон кор мекунанд, аз 4 майи соли 2006, Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 13 июни соли 2000, Созишнома миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2016-2017 имзо шуд.
Назарбоев имсрӯз, 14 сентябр вориди Душанбе шуд. Хабарнигори “Озодагон” аз фурудгоҳи байналмилалии пойтахт гузориш дод, ки Назарбоевро нахуствазир – Қоҳир Расулзода ва вазири умури хориҷӣ – Сироҷиддин Аслов пешвоз гирифтанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи сафари Назарбоев имзои як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар назар аст.
Манбаъ мегӯяд, пас аз анҷоми боздиди расмӣ оқои Назарбоев дар нишасти раҳбарони созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) ширкат мекунад.
ВИДЕОИ пешвози Нурсултон Назарбоев