Ҳушдори обуҳавошиносон аз сардию чангбод дар Тоҷикистон
Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз номусоид омадани боду ҳаво дар кишвар хабар дод.
Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик аз 13 то 15-уми сентябри соли равон ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар кишвар 8-10 дараҷа поин хоҳад рафт.
Ба иттилои манбаъ дар бархе минтақаҳо шамол аз самти Ғарб бо суръати 14-19 метр дар як сония ҳаракат хоҳад кард ва бархе аз навоҳии кишварро чангбод фаро мегирад.
Ин дар ҳолест, ки аз субҳи имрӯз, 14 сентябр ҳаво дар шаҳри Душанбе абрнок буда, борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад.