Манъи вуруди мошинҳо ва эълони роҳбандӣ дар Душанбе
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 14-15-уми сентябр барои таъмини амният ҳангоми баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар Душанбе дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ 14 сентябр аз соати 07.00 то 14.00 дар самти хиёбони Рудакӣ-Айнӣ-А.Дониш то фурудгоҳ, аз соати 17.00 то 22.00 аз хиёбони Рӯдакӣ, аз майдони Сарҳадчиён то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-Бухоро, хиёбони И.Сомонӣ, аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд мегардад.
БДА мегӯяд, 15 сентябр аз соати 08.00 то 16.00 дар хиёбони Рӯдакӣ, аз майдони Сарҳадчиён то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-Бухоро, хиёбони И.Сомонӣ, аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино ва кӯчаҳои ҳамшафати онҳо;-Теҳрон, Шероз ва Н.Ганҷавӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт масдуд мегардад.
Ин ниҳод ба ронандагон маслиҳат медиҳад, ки дар рӯзҳои роҳбандӣ аз кӯчаҳои Айнӣ, Карамов, Дӯстии Халқҳо ва Мастонгулов истифода намоянд.
Инчунин БДА таъкид мекунад, ки аз 13 то 15-уми сентябри соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба самти пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе, ба истиснои ҳолатҳои интиқоли молу амволи муҳими хоҷагии халқ маҳдуд карда мешавад: “Дар ин давра ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ равонанд, тавассути роҳҳои беруназшаҳрӣ ба роҳ монда мешавад”.
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе 14-15-уми сентябр дар назар буда, интизор меравад, ки сарони кишварҳо то соати 14:00-и 14 сентябр вориди Душанбе шаванд.