Нохушии маргбор дар Макка: Зоирини тоҷик осеб надидаанд
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳодисаи нохуши маргбор дар шаҳри Макка зоирини тоҷик осебе надидаанд.
Ба иттилои манбаъ феълан бисёре аз зоирини тоҷик дар Макка қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи 11-уми сентябр бар асари боришоту шамоли сахт борбардори сохтмонӣ дар Масҷид-ал-Ҳароми Макка чаппа шудааст, ки дар натиҷа 107 зоир ҳалок ва 238 тани дигар маҷруҳ шудаанд.