Радди кушта шудани Назарзода ва марҳилаи ниҳоии амалиёт дар Ромит
Манбаи воломақоми “Озодагон” дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари кушта шудани генерали фирорӣ дар амалиёти 11-уми сентябр дар дараи Ромитро рад кард.
Ба иттилои манбаъ Назарзода то ҳол кушта ё боздошт нашудааст, вале амалиёт алайҳи ӯ ба марҳилаи ниҳоӣ расидаст: “Имрӯз ё фардо тақдираш муайян мешавад. Эҳтимол ӯро зинда боздошт кунем”.
Расман Вазорати умури дохилӣ хабар додааст, ки 11-уми сентябр зимни амалиёт дар Ромит 7 узви гуруҳи Назарзода боздошт шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки шоми 11 сентябр хабаргузориҳои “Азия Плюс” ва “Интерфакс” бо такя ба манобеяшон аз кушта шудани Назарзода хабар доданд. Ба иттилои хабаргузории “Интерфакс” ҳамроҳ бо Назарзода 6 шарики ӯ низ, ки муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, кушта шуданд.
Бино ба иттилои расмии мақомот, то ҳол 22 ҷонибдори Абдуҳалим Назарзода кушта, наздики 100 шарики дигараш боздошт шудааст. Вазорати умури дохилӣ бо даъвати мардум ба ҳамкорӣ таъкид мекунад, ки феълан амалиёти муштараки мақомоти қудратӣ алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим идома дорад.