Ҳимояти Аврупо аз амалиёт алайҳи генерал Назарзода
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 11 сентябр бо Ҳелга Шмидт, муовини дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо суҳбати телефонӣ доштааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамлаи мусаллаҳонаи 4 сентябр яке аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи ин ду дипломат будааст. Хонум Шмидт ин ҳамларо маҳкум ва ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ баён кардааст.
Манбаъ мегӯяд, намояндаи Иттиҳоди Аврупо аз тадбирҳои Тоҷикистон барои боздошти гуруҳи силоҳбадаст пуштибонӣ намуда, таъкид кардааст, Иттиҳоди Аврупо барои ҳамкориҳои зич бо Тоҷикистон омода аст.
Ҳимояти Аврупо дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон то 11 сентябр аз боздошти наздики 90 узви гуруҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода - "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва кушта шудани 22 шарикаш хабар дода, афзуданд, ки амалиёт алайҳи ин гуруҳ дар дараи Ромит идома дорад.