Барои Ҷоми «Шоҳона» дар риштаи бокс муштзанҳои 6 кишвари минтақа ба ринг мебароянд.
Муродалӣ Тешаев, як корманди масъули кумитаи миллии олимпӣ ба «Озодагон» гуфт, ки сабқати мазкур дар маҷмааи варзишии хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз шурӯъ гардида, то 22-юми октябр идома хоҳад кард. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Эрон ва Афғонистон ширкат меварзанд. Рақобати мардон дар 10 вазн- 49, 52,56, 60, 64, 69, 75, 81, 90 ва 91 кило баргузор мешавад. Дар ҳайати дастаи духтарон танҳо намояндагони Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок доранд ва дар вазнҳои 48, 60 ва 64 байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.{jathumbnail off}