40 ҳазор сомонии “Истиқлол” насиби “Антикоррупсия” шуд (АКС)
Дастаи футболи Агении давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия “Антикоррупсия” барандаи Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд гардид.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, бозии ниҳоии Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд, ки шоми дирӯз (10.09.15) байни тимҳои - “Истиқлол” ва “Антикоррупсия” сурат гирифт, бо ҳисоби 2:4 поён ёфт.
Ба иттилои манбаъ, “Ориёнбонк” бар тими Федератсияи футболи Тоҷикистон пирӯз шуда, ҷои сеюмро соҳиб гардидааст.
Хазинаи сабқат 70 ҳазор сомонӣ буда, барои дастаи ғолиб -- “Антикоррупсия” 40 ҳазор сомонӣ тақдим шудааст. “Истиқлол” соҳиби 20 ҳазор сомонӣ ва “Ориёнбонк соҳиби 10 ҳазор сомонӣ шудаанд.
Бозӣ барои дарёфти Ҷоми “Истиқлол” бо иштироки 27 даста 8 августи соли равон оғоз шуда, дирӯз, 10 сентябр ба поён расид.