Тафсилоти нави амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим: 22 куштаю 90 боздоштшуда...
Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзҳои 9 ва 10 сентябр дар натиҷаи амалиёти муштарак дар дараи Ромит 4 шарики генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода кушта ва 17 узви дигари гуруҳи ӯ боздошт шудаанд.
Ба иттилои торнамои ВКД, аз миёни 17 боздоштшуда се нафар ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шудаанд. Манбаъ мегӯяд, аз нафарони зикргардида 8 адад автомати "АКМ", 1 адад пулемёт ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Дар маҷмӯъ, мақомоти тоҷик то ҳол аз кушта шудани 22 ва боздошти наздики 90 шарики "Ҳоҷӣ Ҳалим" хабар додаанд. Вазорати умури дохилӣ бо даъвати мардум ба ҳамкорӣ таъкид мекунад, ки феълан амалиёти муштараки мақомоти қудратӣ алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим идома дорад.