Назарбоев бо сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, 14 сентябр сафари расмии Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар Душанбе баргузор мегардад.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар робита ба сафари расмии Назарбоев ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки 14-15 сентябри равон дар назар аст, 12 сентябри соли 2015 соати 11:00 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон брифинг барои рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ доир мегардад: “Зимни брифинг мавод роҷеъ ба сафари расмӣ ва ҷаласаи СААД, инчунин бейҷҳо тақсим карда мешаванд”.
Дар доираи сафари Назарбоев имзои як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар назар аст. Дар баробари Назарбоев инчунин рӯзҳои 14-15-уми сентябр сарони дигар кишварҳои узви СААД низ аз Душанбе боздид хоҳанд кард.