Пешниҳоди Эрон барои бунёди ду маркази фурӯши саноеи дастӣ дар Тоҷикистон
Баҳман Номвари Мутлақ, муовини вазири саноеи дастӣ ва ҳунарҳои сунатии Эрон дар дидор бо Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон хостори эҷоди ду маркази фурӯши саноеи дастии кишвараш дар Тоҷикистон шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, дар мулоқоти Номвар ва Эмомзода дар заминаи иқдомот ва ҳамкориҳои муштарак ва ҳамчунин баргузории намоишҳо гуфтугӯ шудааст. Ин мақоми эронӣ афзудааст, “қаробати фарҳангӣ ва таърихӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон заминасози шакл бахшидан ба фаолиятҳои густурда ва табодулоти хуб дар заминаҳои мухталифи саноеи дастӣ аст”.
Номвар бо баёни ин ки эҷоди тасҳилоти лозим барои ҳузури ҳунармандони ду кишвар дар намоишгоҳҳо ва рӯйдодҳои ҳунарӣ аҳамият дорад, таъкид кардааст: “Мо омодагии табодули ҳунармандон ва эҷоди шароити фаолият дар заминаҳои иқтисодӣ, намоишгоҳӣ ва омӯзиширо дорем. Ҳамчунин муовинати саноее дастӣ ва ҳунарҳои сунатии созмони мероси фарҳангӣ алоқаманд аст то таҷрубиёт худро дар заминаҳои бозоргонӣ, фурӯши маҷозӣ ва барпо кардани намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар ихтиёри фаъолони арсаи саноеи дастии Тоҷикистон қарор диҳад”.