Ҷ. Расулов: Марди 56-сола бо корд ба ҳамсару моиндараш ҳамла кардааст
Вазорати умури дохилӣ як сокини 53-солаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар куштани завҷааш гумонбар медонад.
Бино ба иттилои ВКД, ин мард дар пайи муноқишаи оилавӣ зани худ ва модарандарашро бо зарби кор захмӣ кардааст: “Дар натиҷа ҳамсари 49-солаи ӯ ба ҳалокат расида, модарандари 54-солааш дар беморхона бистарӣ гардидааст”.
Манбаъ мегӯяд, гумонбаршуда баъди ҳамла аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст: “Нисбати қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.