ВКД: Хабари Додоҷон оиди боздошти Ҳоҷӣ Ҳалим дурӯғ аст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари Додоҷони Атовулло, журналисти тоҷикро дар бораи боздошти Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа рад намуд.
Як манбаи воломақом аз Вазорати умури дохилӣ, ки амалиёт алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро роҳбарӣ мекунад, 10 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ин хабар дурӯғ аст ва феълан амалиёт алайҳи гуруҳи Назарзода идома дорад.
Шаби 9 ба 10 сентябр Додоҷони Атовулло, журналисти тоҷик ва яке аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар сафҳаи интернетии худ аз боздошти генерал Назарзода хабар дода гуфт, Назарзода феълан ба Душанбе интиқол ёфта, дар ихтиёри мақомот қарор дорад.
Мақомот расман то имрӯз аз боздошти ҳудуди 70 шарики "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва кушта шудани 18 узви гуруҳаш хабар додаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва полковники Вазорати мудофиа -- Ҷунайдуллоҳ Умаровро дар хиёнат ба давлат, ташкили иттиҳоди экстремистӣ, терроризм ва тахрибкорӣ муттаҳам мекунад.