Остеоартроз
Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино
Остеоартроз дар миёни бемориҳои буғумҳо аз ҳама бемории паҳнгашта ба шумор меравад. Тибқи омори расмӣ беш аз 20% аҳолии курраи Замин гирифтори ин беморӣ мебошанд. Асоси ин бемориро бадҷинсшавии (дегенератсия) тағояки буғумӣ, бо сабаби камгаштани маҳлули "протеогликан" дар он ташкил мекунад. Сабабҳои пайдоиши ин беморӣ низ гуногунанд. То ба ҳол мутахасссон сабабҳои пайдоиш ва рушди ин бемориро пурра муаян накардаанд. Ҳангоми остеоартроз бадҷинсшавии зуд ва нобаҳангоми тағояки буғумӣ ба вуқӯ мепайвандад.
Тағояк ёзандагии (эластичност) худро аз даст дода, сатҳи буғумҳо шахшӯл (носуфта) мегарданд ва дар онҳо пайҳои сӯрохишакл пайдо мешаванд. Дар баъзе ҷойҳо тағояк метавонад чунон суфта шавад, ки усухон намоён мегардад. Ҳангоми ин беморӣ аз ҳама бештар буғумҳои рону кос ва буғумҳои зону осеб мебинанд, агарчи буғумҳои дигар низ аз таъсири он дар амон нестанд. Беморӣ аз пайдошавии дард дар буғум ҳангоми ҳаракат оғоз мегардад. Ҳангоми остеоартрози буғуми косу рон дард аз қисмати болоии рон ба зону медиҳад ва ҳаракати инсонро сахт душвор мегардонад. Дард оҳиста оҳиста шиддат мегирад ва ҳар гуна ҳаракат бо дарди сахт ба инсон даст медиҳад. Дар пайдоиши ин беморӣ 6 омили асосӣ нақши ҳалкунанда мебозанд:
1. Омили механикӣ ё осеббардорӣ. Нақши осеб дар рушди ин беморӣ асоситарин ба шумор меравад. Ҳангоми осеб дидани як буғум, буғумҳои дигар вазоифи онро ба ӯҳда грифта, зери фишори зиёд қарор мегиранд ва дар натиҷа ин буғумҳо низ метавонанд гирифтори остеоартроз гарданд.
2.Омили трофикӣ-асабӣ. Иллатдор гаштани асабҳои ҳассос ба суст гаштани муқовимати бофтаҳо нисат ба таъсироти зарарноки муҳити атроф оварда мерасонад ва ин дар навбати худ ба рушди таъғиротҳои диструктивӣ дар тағояк мусоидат мекунад. Озурдашудани дарозмуддати асабҳои канорӣ таъғирот дар буғумҳо ба бор меоранд, ки ба тағйиротҳо ҳангоми остеоартроз монандӣ доранд.
3.Омили рагӣ. Таҳқиқотҳои муосир собит намуданд, ки иллатҳои гемодинамикӣ (тағйиротҳо дар системаи хурди гардиши хун "капилярӣ") низ дар рушди ин беморӣ нақши калон доранд. Мавҷудияти иллат дар рагҳо ҳангоми остеоартроз, аз ҷониби мутахассисони зиёде ошкор гардидааст.
4.Омили эндокринӣ. Дисфунксияи ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ низ аз ҷониби мутахассисон яке аз сабабҳои остеоартроз шинохта шудаанд. Албатта нақши ин омил дар рушди остеоартроз то ба охир равшан нест, аммо халалдор гаштани мувозинати ҳормоналӣ дар организм барои метаболизми (мубодилаи моддаҳо) бофтаҳои тағоякӣ таъсири бе восита дорад.
5.Тағйироти синну солӣ. Бештари мутахассисон бар он назаранд, ки остеоартроз бадҷинсшавии бармаҳали буғумҳо буда, бештар баъди 40-50 солагии инсон пайдо мешавад. Албатта тағйироти синну солӣ ба худии худ наметавонанд сабаби ин беморӣ гарданд, аммо шароити мусоидро барои рушди он муҳаё мегардонанд.
6.Ирсият ва тамоюли бадании одам. Дисплазияи модарзодӣ ба халалдор гаштани шароити биохимиявии бадан оварда мерасонад ва ин хурдашавии тағоякро метезонад. Бинобар ин ҳангоми табобати остеоартроз (хусусан дар ашхоси синну солашон ҷавон) табибон бояд нақши омили ирсиятро низ дар мадди назар қарор диҳанд.
Ташхси ин беморӣ асосан аз таҳқиқи клиникии хун, "УЗИ"-и буғумҳо ва рентгенография буғумҳо иборат мегардад. Барои табобати остеоартроз бештар аз доруҳои зиддиилтиҳобӣ ва доруҳое, ки тағоякро муҳофизат мекунанд истифода мебаранд. Аммо агар буғум функсияи худро комилан аз даст дода бошад чораи ягонаи табобат амали ҷарроҳии иваз намудани буғум (эндопротез) қарор мегирад. Дар шӯъбаи ортопедии Бемористони Ибни Сино бо истифода аз таҷҳизот ва усулҳои муосир ҷарроҳиҳои эндопротезиро дар сатҳи баланд анҷом медиҳанд. Шӯбаи мазкур бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахассисони варзида фаъолият мекунанд. Нархҳои хизматрасонӣ дар бемористон маъмӯлӣ буда, аз бештари бемористонҳои кишвар тафовут надоранд. Бо вуҷуди ин барои боз ҳам арзонтар намудани нархи хизматрасонӣ дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғурта миллӣ" фаъолият мекунад. Шумо метавонед худ ва наздиконатонро суғурта намуда, аз хизматрасониҳои тибби муосир бо нархҳои арзон истифода намоед.
Маълумоти бештарро шумо метавонед двр смонаҳои расмии мо: ibnisino.tj ва sugurta.tj дарёфт намоед.