Ҳимояти Пекин аз амалиёти мақомоти тоҷик алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим
Чин иқдоми ҳукумати Тоҷикистонро барои таъмини амнияту субот дар кишвар пуштибонӣ мекунад.
Дар ин бора Хун Лей, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин иттилоъ дода, афзудааст, ки Пекин ҳаводиси Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамлаи маргбор ба кормандони милисаро пайгирӣ мекунад: "Чин ҳамчун ҳамсояи наздик ва шарики стратегӣ чораҳоеро, ки ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини амният роҳандозӣ кардааст, дастгирӣ менамояд”.
Хун Лей таъкид намудааст, ки ҷониби Чин омодааст, ҳамкориро бо Тоҷикистон дар умури амният, бо мақсади таъмини суботи минтақа густариш диҳад.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи ҳаводиси маргбори 4 сентябр амалиёт алайҳи гуруҳи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалим идома дорад. Тибқи иттилои мақомоти умури дохилӣ то ҳол 18 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим кушта ва наздики 70 нафар боздошт шудаанд.