Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хоруғ
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи садамаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Хоруғ як пиёдагард ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 9-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, сокини 49-солаи шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба Хоруғ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ набаромада, марди пиёдагардеро, ки шахсияташ ҳанӯз маълум нест, зер кардааст: “ Дар натиҷа, пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан чорабиниҳо барои муайян кардани шахсияти пиёдагарди ҳалокшуда идома доранд.