Даргузашти Алломаи Регарӣ дар беморхонаи Қарияи боло
Эшони Алломаи Регарӣ, аз руҳониёни маъруфи Тоҷикистон субҳи имрӯз, 9 сентябр дар синни 68-солагӣ бар асари бемории қалб дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Алломаи Регарӣ, ки номи аслияш Эшонҷон Абдушарипов аст, зодаи водии Қаротегин буда, хонаводааш солҳои 50-уми асри гузашта ба собиқ ноҳияи Регар, феълан Турсунзода кӯч бастаанд. Алломаи Регарӣ, ки аз шогирдони Мавлавии Ҳиндустонӣ мебошад, ба ҳайси сархатиби масҷиди “Аллома”-и Регар фаъолият дошт.
Ба иттилои наздикон ҷанозаи Алломаи Регарӣ, баъди зуҳри 9 сентябр дар шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.