8 сентябр: Амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим як кушта барҷой гузошт
Мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, 8-уми сентябр зимни амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит як узви гуруҳ кушта ва 7 нафар боздошт гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ як узви гурӯҳ ба далели муқобилияти мусаллаҳона аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ нобуд карда шуд.
Мақомот мегӯянд, феълан амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит идома дорад. Расман то ҳол аз боздошти беш аз 60 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани 18 шарики ӯ иттилоъ дода шудааст. Қаблан Вазорати умури дохилӣ теъдоди шарикони Ҳоҷӣ Ҳалимро дар Ромит 7-8 нафар гуфта буд.