АКС: Таҷлили Истиқлол ва номаҳои шодбошии президентҳои ҷаҳон
Имрӯз, 9 сентябр дар саросари Тоҷикистон аз ҷашни Истиқлол таҷлил мекунанд.
Тоҷикистон соли 1991 истиқлолият ба даст овард ва имсол аз 24-умин солрӯзи он ҷашн мегиранд. Мақомот мегӯянд, дар қиёс ба солҳои сипаришуда, солгарди истиқлол бидуни тантанаҳои бошукуҳ ва орому хоксорона таҷлил мешавад. Ба гуфтаи масъулин шоми 9 сентябр соати 18:00 дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳи пойтахт» барномаи идонаи консертӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик дар назар аст.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, дар робита ба ҷашни истиқлоли давлатӣ аз номи сарони давлатҳо ва раҳбарони созмонҳои бонуфуз унвонии Эмомалӣ Раҳмон номаҳои шодбошӣ расидаанд. Ба иттилои манбаъ, то ин замон барқияи табрикии раисиҷумҳурони Русия, Чин, Амрико, Олмон, Эрон, Узбакистон, Қазоқистон, Мексика, Словакия, Туркия, Молдова, Фаластин, раиси Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои вазирони Куба, раиси Президиуми Маҷлиси олии халқии Корея ва генерал-губернатори Иттифоқи Австралия расидааст.